ABNA24 : Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ, дар паёми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ омадааст: Иттилооти густардаву баёни ҷаззобу лаҳни ширини ин олими муҳтарам манбаи пурфайз барои ҷамъи зиёде аз ҷавонону роҳҷӯён буд ва фуқдони он мояи таассуф ва андуҳ аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ барои ҳуҷҷатулислом Сайидабдуллоҳи Фотиминиё аз Худованди мутаол раҳмату ғуфрон масъалат карданд.
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурӣ ва Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон низ дар паёмҳои ҷудогона даргузашти ҳуҷҷатулислом Сайидабдуллоҳи Фотиминиёро таслият гуфтанд.
Ҳуҷҷатулислом Сайидабдуллоҳи Фотиминиё устоди ахлоқ, муаррихи исломӣ ва аз асотиди ҳавзаву донишгоҳи Эрон бомдоди имрӯз (душанбе) ба малакути аъло пайваст.
342/