10 Май 2022 - 14:54
Паёми табрикотии Раисӣ ба муносибати сиюмин соли барқарории равобити дипломатики Эрон ва Узбакистон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқлолияти Узбакистон ва барқарории муносибатҳоро фурсати барои бозофаринӣ ва густариши пайвандҳои деринаи ду кишвар тавсия кард.

ABNA24 : Ҷуҳмурии Исломии Эрон истиқлолияти Узбакистонро дар 25 сентябри соли 1991 ба расмият нишнохт ва дар 10 май соли 1992 равобити сиёсии байни ду кишвар барқарор шуд.

Ҳамакнун дар Узбакистон 272 ширкат бо сармоягузорони эронӣ фаъолият мекунанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар паёми табрикии худ ба Шавкат Мирзиёев, раиси Ҷумҳурии Узбакистон ба муносибати сиюмин соли барқарории равобити дипломотик афзуд: Мардумони ду сарзамини куҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Узбакистонро таърих, фарҳанг, хотирот ва боварҳои муштараки бешумор ба ҳам пайванд зада аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Хушбахтона аз замони барқарории равобити Эрон ва Узбакистон муъомилоти сиёсӣ дар олитарин сутуҳ сабаби густариши муносиботи бозаргонӣ ва иқтисодӣ ва тақвияти иртибототи инсонӣ ва фарҳангӣ ду кишвари дуст шуда аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдомоти монанди баргузории муназзами комисионҳои муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва фановарӣ, баргузории намоишгоҳҳои ихтисосӣ, танзими мувофиқатномаи ҳамкориҳои бозаргонӣ, ниҳоӣ кардани санади тарифаҳои тарҷиҳӣ, пайванди бештари бахшҳои хусусӣ, лағви раводид ва рафту омади осони шаҳрвандони ду кишвар, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва донишгоҳӣ, тавсиаи равишҳои таркибии ҳамлу нақл ва ҳаракат ба самти тиҷорати озод бар пояи манофеъ ва рифоҳи ду миллатро дар заминаи густариши беш аз пеши равобити ду кишвар роҳкушо тавсиф кард.

342/