1 Май 2022 - 19:26
Вазорати иттилоъот: Интишори бархе овозаҳои зидди шаҳрвандони афғонистонӣ дар фазои маҷозӣ дуруст намебошад.

Вазорати иттилоъоти Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард: Интишори бархе матолиб ва овозаҳо зидди шаҳрвандони афғонистонӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва фазои маҷозӣ аз сӯи ин вазоратхона дуруст намебошад.

Вазорати иттилоъоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иттилоъияи эълом кард: Интишори бархе матолиб ва овозаҳо зидди шаҳрвандони афғонӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва фазои маҷозӣ аз сӯи ин вазоратхона саҳат надошта ва ин маворид дар чорчуби талошҳои мазбуҳона ва ҳамешагии душманони муштараки ду миллати Эрон ва Афғонистон барои эҷоди ихтилоф миёни кишварҳои ҳамсояи минтақаи ғарби Осиё мебошад.

Дар ин иттилоъия омада аст, ин иқдомот идомаи ҳамон хате аст, ки ин рӯзҳо дар дохили кишвари Афғонистон низ бо инфиҷорҳои занҷираи дар масҷидҳои шиъаён ва аҳли суннат ва куштари намозгузорони рузадори бегуноҳ қасди эҷоди даргири ва бародаркушӣ дар миёни мусалмононро дорад.

Вазорати иттилоъот ҳамчунин эълом кард: Ҳаргуна ахбор, иттилоъия ва мавориди марбут бо Вазорати иттилоъот аз тариқи сомонаи воҷо "www.vaja.ir" ё расонаҳо ва хабаргузориҳои расмии Эрон мунташир мегардад.

342/