4 Октябр 2026 - 23:15
Source: ABNA
Баёнияи Яҳё Сариъ дар бораи таҷовузи Арабистони Саудӣ ба Яман

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард: Маҷмӯи ҳамлаҳои таҷовузкоронаи саудӣ, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакӣро дар бар мегирад, аз замони оғози ташдиди низоъҳо ба 1516 маврид расидааст.

Ба гузориши хабарагентӣ Абна ба нақл аз Ал-Масӣра, Яҳё Сариъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман имрӯз якшанбе дар баёнияе эълом кард: Ҳавопаймоҳои душмани саудӣ дар тӯли 24 соати гузашта 106 ҳамлаи ҳавоӣ ва мушакӣ (алайҳи мардуми мазлуми Яман) анҷом доданд.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман идома дод: Ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ минтақаҳои ғайринизомиро дар Сано (пойтахт) ва вилоятҳои Ал-Ҷавф, Таиз, Амрон, Ҳаҷҷа ва Саъда ҳадаф қарор доданд. Ҳамлаҳои ҳавоии Риёз тавассути ҷангараҳои F-15 ва Typhoon, ки аз пойгоҳҳои «Хамис Мушайт» ва «Тоиф» бархестанд, анҷом дода шуд ва ҳамлаҳои мушакӣ низ аз минтақаи «Наҷрон» сурат гирифт.

Яҳё Сариъ сипас афзуд: Маҷмӯи ҳамлаҳои таҷовузкоронаи саудӣ аз замони оғози ташдиди низоъҳо ба 1516 маврид расидааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha