Манобеи расонае ба нақл аз Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо интишори гузоришҳое муддаӣ шуданд, ки ин ниҳод дар таъсисоти Эрон дар Натанз дурбинҳои назоратӣ насб кардааст .
Муҳаммадризои Ғоӣбӣ-сарпарасти намояндагии доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена, аммо эълом кард, ки ожонс ҳечгуна дастрасӣ ба иттилооти ҳофизаи дурбинҳои насбшуда дар маркази тавлиди сентрифуга дар Натанз надорад ва то вақте Эрон муҷаддадан ба иҷрои Барҷом барнагардад иттилооти марбӯта дар ихтиёри ожонс қарор нахоҳад гирифт .
Сарпарасти намояндагии доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена, ҳамчунин гуфт : Эрон чаҳоруми апрел ба ожонс итилоъ додааст ки тамоми мошинҳои марбӯт ба тавлиди сентрифуга дар Караҷро ба Натанз мунтақил карда ва ҳамон рӯзи бозрасони ожонс ростиозмоӣ карданд, ки тамомии онҳо ғайри фаъол ҳастанд .
342/