3 Март 2022 - 11:17
Афзоиши содироти Эрон ба Тоҷикистон

Мизони содироти Эрон ба кишвари Тоҷикистон имсол аз рушди хубе бархурдор будааст.

ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алиакбарӣ Меҳробиён вазири нерӯ дар ҳошияи дидор бо вазири энегетик ва захоири обии Тоҷикистон гуфт: Бо ҳадафи тавсиъаи ҳамкориҳои ҷумҳурии исломии Эрон бо кишварҳои ҳамсоя нахустин сафари раисҷумҳури Эрон пас аз итихоб ба ин симат ба кишвари Тоҷикистон буд

Ӯ гуфт: Ин сафар барои ширкат дар иҷлоси Шанхай буд,ки аҷлоси ду ҷонибае ҳам байни ду кишвар Эрон ва Тоҷикистон байни ҳайатҳои эронӣ ва тоҷикистонӣ баргузор шуд.

Вазири нерӯ гуфт: Дар ин иҷлос қарордодҳои хубе ҳам имзо шуд. Вай идома дод: Заминаҳои ҳамкори байни ду кишвар бисёр зиёд аст аз ҷумла дар бахши судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ,ки аз гузашта вуҷуд доштааст.

Алиакбарӣ Меҳробиён афзуд: Имсол низ бархе ширкатҳои эронӣ тавонистаанд дар тарҳҳои Тоҷикистон ҳузур ёбанд.

342/