ABNA24 – Ба гузориши сомонаи Авесто, дар баёнияи сафорати Арабистон дар Душанбе таъкид шудааст, ки хабари дарёфти маблағ барои судури раводиди зоирони Тоҷикистон ба ҳаҷи фарзӣ ва умра беасос мебошад.
Зеро ин сафорат раводиди сафар барои анҷоми маносики ҳаҷи фарзӣ ва умра барои зоирони Тоҷикистонро ройгон содир мекунад. Агар ҳам дар ин маврид маблағе дарёфт мешавад, ин иқдоми ширкатҳои тоҷикистонии эъзоми зоирон ба ҳаҷ мебошад, ки ба фаъолияти сафорати Арабистон дар Душанбе иртиботе надорад.
Ин дар ҳоле аст, ки чанд рӯз қабл Сулаймон Давлатзода, раиси давлатии умури дин ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки ҳануз аз тарафи Арабистон посухе дар мавриди замони эъзоми зоирони Тоҷикистон барои сафари ҳаҷи фарзӣ ва умра дарёфт нашудааст.
Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон барои эъзоми атбои хеш омода мебошад ва мунтазири посухи Арабистон аст.
Ба гуфтаи Давлатзода дар мавриди эъзоми зоирони Тоҷикистон ба ҳаҷи умра ва низ Ситоди миллии муқобила бо каронаи ин кишвар дар ин замина муҷавиз содир накардааст.
342/