ABNA24 : Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, Нуриддин Саид дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ мунъакискунандаи сиёсати давлатӣ мебошанд ва аз пахши ахборе, ки боиси ташвиши афкори умумӣ мегардад, худдорӣ мекунанд.
Зеро сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзи ваҳдати миллӣ, ҷилавгирӣ аз ихтилофот дар ҷомеа ва сиёнат аз суботу амнияти кишвар мебошад ва ба ин далел дар мавриди чунин иттифоқот танҳо ахбори расмӣ пахш хоҳад шуд.
Вай дар бораи дархости намояндагони ҷомеаи мадании Бадахшон барои ихтисоси вақт дар телевизиони маҳаллии ин минтақа ба манзури баёни дидгоҳи онон дар мавриди ҳаводиси шаҳри Хоруғ низ гуфт: Мо барои баёни чунин дидгоҳе, ки муғойир бо манофеи миллии кишвар мебошад, вақт нахоҳем дод.
342/