8 Феврал 2022 - 12:45
Таъкиди муовини бурунмарзии Садо ва симо бар нақши расонаҳои мустақил дар маҳофили иҷтимоии Ғарб

Муовини бурунмарзии Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, муборизаи Ғарб бо расонаҳои мустақил нишон аз нуфӯзи қавии ин расонаҳо дар маҳофили иҷтимоии Ғарб аст.

ABNA24 – Аҳмад Наврӯзӣ, муовини бурунмарзии Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо Басина Шаъбон, мушовири вижаи раисиҷумҳури Сурия дар Димишқ, бо баёни инки расона бахше аз амнияти миллӣ ва рукни аслии ҳар давлате аст, афзуд, ҷанги расонаӣ, ки императории расонаии Ғарб дар пеш гирифта, ҷанге доманадор аст ва барои муқобила бо он бояд ҳамаи имконотро басиҷ кард.

Наврӯзӣ тасреҳ кард, Сурия аз ҷойгоҳ бисёр вижае дар расонаҳои Эрон бархӯрдор аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мутмаин буд, ки Сурия дар ҷанг бо терроризм ва ҳомиёни онҳо пирӯз хоҳад шуд.

Вай таъкид кард, бояд барномаҳои муштарак барои тавсеаи расонаҳо дар муқобила бо ҷанги расонаии Ғарб тарсим шавад.

Басина Шаъбон ҳам бо баёни муштарак будани ҳадафу сарнавишти кишвараш бо Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, нақши расона дар ҷанг байни меҳвари муқовимат ва шарқ аз яксӯ ва кишварҳои ғарбӣ аз сӯи дигар, ба далели нақши мукаммили расонаҳо дар сиёсату иқтисод, аҳаммияти зиёде дорад ва бояд барномаҳо ва роҳҳои ҷадиде барои пардохтан ба Ғарб бо тамаркуз бар кайфияти муҳтавои расонаӣ тадвин шавад.

Вай омодагии Сурияро барои табодули назар ва иқдом бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муқобила бо ҳаҷмаи расонаии душман ба кишварҳои меҳвари муқовимат, эълом ва ибрози итминон кард, Эрон дар музокироти худ дар бораи масаълаи ҳастаӣ пирӯз хоҳад шуд.

342/