7 Феврал 2022 - 10:31
Ғарбиҳо ба зудӣ мегӯянд, як миллион низомии рус дар марзи Украина ҳастанд

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Венаи Австрия бо интиқод аз ҳаёҳуи расонаии Ғарб гуфт, расонаҳои ғарбӣ ба зудӣ муддаӣ мешаванд, ки як миллион низомии рус дар марзи Украина мустақар шудаанд.

ABNA24 – Расонаҳо ва мақомҳои кишварҳои ғарбӣ дар рӯзҳои гузашта Русияро ба эъзоми наздик ба 100 ҳазор нерӯ ба марз бо Украина муттаҳам кардаву муддаӣ шудаанд, мумкин аст Русия дар ояндаи наздик қасди ҳамла ба Украина дошта бошад. Маскави тамоми ин иттиҳомотро рад кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Михаил Улянов дар паёме твиттерӣ навишт: Лаффозиҳо дар мавриди Украина амалан боиси гумроҳ шудани афкори умумӣ шудааст.

Улянов идома дод: “Амалиёти парчами иштибоҳ бо 100 ҳазор низомии рус (дар марзи Украина) оғоз шуд, сипас 130 ҳазор низомӣ. Ҳамакнун масрафкунандагони ин иттилооти ғалат дар бораи ҳузури садҳо ҳазор низомии рус дар марзи Украина суҳбат мекунанд. Ҳеҷ тааҷҷуб накунед, агар рӯзи чаҳоршанбе ин теъдод ба як миллион нафар афзоиш ёфт”.

Дмитрий Полянский, муовини намояндаи доими Русия дар Созмони Милал низ рӯзи якшанбе идомаи иддаоҳо ва ҳаросафкании расонаҳои амрикоӣ дар бораи ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум кард.

Полянский дар паёме твиттерӣ навишт: “Девонагӣ ва ҳаросафканӣ идома дорад . . . Чӣ мешавад агар мо бигӯем Иёлоти Муттаҳида мумкин аст Лондонро зарфи як ҳафта бигирад ва сесад ҳазор талафоти ғайринизомиро боис шавад? (ва бигӯем ки) тамоми ин ҳарфҳоро бар асоси манобеи иттилоотӣ мегӯем, ки наметавонем онҳоро фош кунем. Оё ҳисси хубе ба амрикоиҳо ва бритониёиҳо медиҳад? Ин кор дар хусуси Русия ва Украина ҳам иштибоҳ аст”.

Интиқоди тунди ин дипломати рус пас аз он матраҳ шуд, ки ду рӯзномаи ҷараёни аслии Амрико “Вашингтон пост” ва “Ню-Йорк таймс” ба нақл аз мақомоти ношиноси амрикоӣ иддао карданд, ки ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина ҳазорон кушта ва миллионҳо овора барҷой хоҳад гузошт.

Шабакаи хабарии амрикоии “Фокс нюс” низ ба нақл аз як мақоми Конгресси Амрико эълом кард, Марк Мили, раиси Ситоди неруҳои мусаллаҳи Амрико дар ҷаласаи маҳрамонаи Конгресс гуфта, дар сурати ҳамлаи ҳамтарафаи Русия ба Украина, Киев зарфи 72 соат суқут хоҳад кард.

342/