ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Авихай Адрей-сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ дар тветте навишт: Гузоришҳо баёнгари тирандозӣ аз дохили як худрав ба самти пойгоҳи низомиёни Исроил дар Каронаи бохтарӣ аст .
Адрей афзуд: Ин тирандозӣ наздики шаҳри Ноблус рӯй дод, аммо ҳеҷ гуна талафоте дар пай надошт .
Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ гуфт: Артиш пас аз тафтиши минтақаи атрофи маҳали ҳодиса даҳҳо гулӯла кашфу забт кардааст .
Ин ҳодиса дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи манобеи пизишкӣ 135 фаластинӣ шанбешаб дар вурудии рустои Барқа дар шимолу ғарби Ноблус дар ҷараёни даргирӣ бо низомиёни саҳюнист захмӣ шуданд .
342/