ABNA24 – Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар паёме бо табрики фаро расидани мелоди Исо бин Марям (а) ба попи Франсис, раҳбари католикҳо ва ҳамаи масеҳиёни ҷаҳон, гиромидошти ин валодати пурбаракатро фурсате ҷиҳати такрими ҳазрати Марям (с) ва ёдоварии хасоиси ахлоқии усваи навъи дӯстӣ ва башоратдиҳандаи растгории мустазъафон, ҳазрати Масеҳ (а) дар истодагӣ дар баробари зулму ҷабри султагарон ва умедбахше ба ояндае дурахшон барои башарият донист.
Фардо (шанбе), 25 декабр валодати ҳазрати Исои Масеҳ (а) аст.
Ҳазрати Исои Масеҳ (а) аз паёмбарони бузурги Илоҳӣ аст, ки дар Қуръони Карим мавриди такрими бисёр қарор гирифтааст.
Қуръони Карим дар оёти зиёде ба муаррифии Масеҳ (а) ва ҷойгоҳи эшон ба унвони яке аз паёмбарони улулъазм (соҳиби китобу шариъат) мепардозад.
342/