ABNA24 – Ба гузориши вебсайти “Таймс Исроил”, дафтари Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири собиқи режими саҳюнистӣ, ки дар солҳои гузашта дастури террори чандин нафар аз донишмандони ҳастаии Эронро содир карда, душанбешаб дар номае ба нафтоли Беннет, нахуствазири режими саҳюнистӣ, хостори тамдиди ҳифозати физикӣ аз аъзои хонаводааш шудааст.
Бо гузашти наздик ба 6 моҳ аз хуруҷи Натанёҳу аз қудрат, тадобири амниятӣ барои ҳамсару фарзандони ӯ ҳафтаи оянда ба поён мерасад, аммо нахуствазири собиқи режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд, таҳдидҳо алайҳи ӯ ва хонаводааш идома доранд ва бозигарони маҳаллӣ ё хориҷӣ мумкин аст бихоҳанд онҳоро ҳадаф қарор диҳанд.
Натанёҳу дар даврони ҳузур дар қудрат дастури террори чандин донишманди ҳастаии Эрон, аз ҷумла шаҳид Муҳсини Фахризодаро содир кард. Илова бар ин шаҳодати шуморе аз раҳбарони Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ низ ба амалиётҳои режими саҳюнистӣ мунтасаб шудаанд.
342/