ABNA24 – Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, Амирзода Дилафрӯз Субҳон ба унвони раиси ширкати давлатии сайёҳӣ ва саноати дастӣ таъйин шуд.
Маҳмудӣ Ҳамза Наврӯз низ раиси шабакаи телевизионии кӯдак ва навҷавони Баҳористон ва Бахтовари Сайфуллоҳ раиси шабакаи телевизионии Шаҳнавозро бар уҳда гирифтанд.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими муаррифии раисони нав гуфт: Коркунони ҷавону масъулиятпазир бояд аз фанновариҳои ҷадид барои иртиқои дониши худ истифода кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳама бояд содиқонаву масъулона, манофеи миллату кишварро болотар аз ҳамаи манофеи дигар қарор диҳанд ва бо қалбе пок дар хидмати манофеи давлат ва миллат бошанд.
342/