ABNA24 – Ба гузориши хабаргузории «Форс» дар Душанбе, рӯзи гузашта (панҷшанбеи 25 ноябр), баъд аз даргирӣ миёни нерӯи интизомӣ ва гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ, як сокини минтақаи Роштқалъа кушта шуд, ки дар пайи он теъдоде аз шаҳрвандон дар майдони марказии шаҳри Хоруғ таҷаммуъ карданд.
- Суқути тарма роҳи Хоруғ ба Ишкошимро баст
Муътаризон хостори муҷозоти кормандоне шудаанд, ки сабаби кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков гаштаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки дафтари матбуотии Додситонии вилояти Бадахшон бо судури баёнияе эълом кард: Гулбиддин Зиёбеков, мутаваллиди соли 1992 ба иттиҳоми иртикоби ҷурмҳое ҳамчун гаравгонгирӣ, таҳрики афкори умумӣ ва хусумати иҷтимоиву маҳаллӣ, мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошт.
Ҳамчунин бар асоси гузориши додситонии Тоҷикистон, Зиёбеков дар феврали соли 2020 мелодӣ дастёри додситони ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта буд ва ба муддати 8 соат мавриди латукӯб қарор додааст.
342/