19 Ноябр 2021 - 21:30
Дидори Козимии Қумӣ ва Абдуллоҳ: Таъкиди Эрон бар идомаи ҳамкориҳо бо Афғонистон

Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умури Афғонистон ва раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии давлати пешини Афғонистон дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба гуфтугӯ карданд.

ABNA24 – Ҳасан Козимии Қумӣ дар сафари худ ба Кобул, бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии давлати пешини Афғонистон дидор ва дар бораи вазъияти кунунии ин кишвар ва идомаи ҳамкории Теҳрон бо Кобул дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, башардӯстона, омӯзишӣ ва ғайра гуфтугӯ кард.

Бар асоси ин гузориш, намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умури Афғонистон дар бораи дидорҳои рӯзи гузаштаи худ дар Кобул гуфт: Тавофуқ шуд кумитаҳои ҳамкории муштараки ду кишвар ташкил ва фароянди умур барои беҳбуди шароити миллати Афғонистон ба сурати муназзам пайгирӣ ва ба марҳалаи иҷро бирасад.

Ҳамчунин дар сеюмин рӯзи сафари намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Эрон дар умури Афғонистон ба Кобул, кумитаҳои ҳамкории муштарак миёни ду кишвар оғоз ба кор карданд.

Намояндагони Ҷумҳурии исломии Эрон ва Толибон дар панҷ кумитаи иқтисод, сӯхт, обу барқ, атбои хориҷӣ ва фарҳанг барномаҳои худро барои тавсеаи равобит байни Эрон ва Афғонистон ироа карданд.

342/