ABNA24 : Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон،Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфтааст, ки кишвараш дар сурати ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон иқдом хоҳад кард.
- Ба гуфтаи вай, вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи домии онҳо қарор дорад.
- “Маскав ва Душанбе тавассути ниҳодҳои дифоӣ, хадамоти сарҳадӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ҳамеша дар тамос ҳастанд”,-илова кард намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Захарова ҳамчунин афзудааст, ки пойгоҳи низоми 201-и Русия, ки дар ду шаҳри Тоҷикистон ҷойгир аст, бо ҳама таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст, то дар сурати ташаннуҷи вазъ аз тарафи Афғонистон чораҳои қатъӣ андешад.
342/