ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Райтер, Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико дар суханоне дар иёлати Мичиган бар аҳамияти ду тарҳи « тавсеъаи зерсохтҳо » ва « бозсозӣ » мавриди баҳси Конгресс дар чорчӯби тақвияти « рақобату мудирият »-и Иёлоти Муттаҳида ва беҳбуди зиндагии миллионҳо амрикоӣ таъкид кард.
Раиси ҷумҳӯри Амрико гуфт : Амрико барои муддати тӯлонӣ дар саросари ҷаҳон пештоз будааст, аммо мо сармоягузории каме дар бораи мардуму кишвари худ анҷом додаем .
Байден дар идома ёдовар шуд : Дар ҳоли ҳозир 45 ҳазор пул, 173 ҳазор мойл ҷода дар вазъи заъифӣ қарор доранд . Ин як мавзӯи хандаовар нест . Ин мавзӯи ҷаддӣ аст .
Раиси ҷумҳӯри Амрико ҳамчунин бар аҳамияти сармоягузорӣ дар ҳавзаи худравҳои барқӣ таъкид кард ва гуфт : Ин сармоягузорӣ метавонад садҳо ҳазор фурсати шуғлиро барои амрикоиҳо фароҳам кунад.
342/