ABNA24 : Дар рӯзи Ҳусайн -Дей дар Ню-Йорк, сӯгворони ҳусайнӣ дар дастаҳои азодорӣ барои имом Ҳусайн (а) синазанӣ карданд.
Наздиктарин якшанбе ба рӯзи Ошӯро дар Ню-Йорк рӯзи имом Ҳусайн ё “Ҳусайн Дей” номгузорӣ шудааст.
Дар ин маросим ҳамчунин мусулмонони Манҳеттен аз раҳгузарони хориҷӣ, ки шояд барои онҳо ин ойин тозагӣ дошт, бо шохаи гулҳои садбарги сурх ва номаҳое, ки дар он тавзеҳ дода шуда, моҷарои Карбало чӣ буда, истиқбол карданд.
Мутобиқи оморҳо, дар Амрико дастикам 2 миллион шиа зиндагӣ мекунанд.
342/