15 Август 2021 - 14:31
Афзоиши густариши корона дар Аврупо

Маркази аврупоии контролу пешгирии бемориҳои уфӯнӣ аз афзоиши омори ибтило ба вируси корона дар шашумин ҳафтаи пайдарпай дар Аврупо хабар дод.

ABNA24 : Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, бахшҳои густардае аз кишварҳои Испания, Ирландия, Италия,Фаронса, Юнон,Ҳоланд, Шветсия ва Португалия дар ҳоли ҳозир бо ранги сурх мушаххас шудаанд .

Дар ҳамин ҳол мақомоти беҳдоштии Италия бори дигар дар хусӯси суръати делтакорона дар ин кишвар ба вижа дар миёни навҷавонон ва ҷавонон ҳушдор доданд .
Ин дар ҳоле аст, ки 70 дарсади ҷамъияти Италия ҳаддиақал як дозаи ваксинаро дарёфт кардааст .
Дар паи афзоиши шеби коронаии делта дар Италия  дар бархе аз шаҳрҳои 6 устони ин кишвар маҳдудиятҳои сахтгиронаи коронаӣ бори дигар ба марҳилаи иҷро даромадааст ва ҳар гуна таҷаммуъу баргузории ҷашн дар манотиқи соҳилӣ дар саросари Италия мамнӯъ шудааст .
Дар 48 соъати гузашта наздик ба 15 ҳазор нафар дар Италия ба вируси корона мубтало шудаанд ва шумори ҷонбохтагон 79 нафар эълом шудааст . Вазорати беҳдошти Италия шанбешаб эълом кард аз замони шуюъи Ковид 19 то ба имрӯз маҷмӯи мубталоён ба корона ба 4 миллиону 435 ҳазору 8 нафар расидааст ва шумори кулли қурбониён низ баробар бо 128 ҳазору 413 нафар будааст .

342/