8 Август 2021 - 20:46
Сайидҳасан Насруллоҳ : Муҳимтарин дастоварди ҷанги 33 рӯза, таҳмили муъодилаи боздорандагӣ аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне ба муносибати понздаҳумин солгарди пирӯзии муқовимат дар ҷанги 33 рӯза гуфт : Муҳимтарин дастоварди ин ҷанг, таҳмили муъодилаи боздорандагӣ будааст.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидҳасан Насруллоҳ бо таъкид бар инки таи 15 соли гузашта ҳеч ҷангандаи исроилӣ натавонистааст ҳадаферо дар Лубнон мавриди бархурд қарор диҳад хотирнишон кард: Ончи монеъи ҳамлаи Исроил ба Лубнон мешавад тарс аз рӯёрӯии бузург бо муқовимат аст .

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон  бо баёни инки қобилиятҳову кайфияти мӯшакҳои муқовимат афзоиш ёфтааст, афзуд: Муқовимат акнун теъдоди зиёде мушаки нуқтазан дар ихтиёр дорад.
Сайидҳасан Насруллоҳ зимни таҳдиди режими саҳюнистӣ ба ӣнки посух ба ҳамалоти ҳавоии ин режим метавонад аз ҳар нуқтае сурат бигирад, гуфт: Бузургтарин ҳамоқате, ки душман метавонад анҷом диҳад, ин аст ки тасмим бигирад бо Лубнон вориди ҷанг шавад .
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон  дар идома бо ишора ба инки имрӯз душмани саҳюнистӣ нисбат ба мавҷудияти худ беш аз ҳар замони дигаре нигарон аст, хотирнишон кард: Режими саҳюнистӣ, ки таҳти ҳимояти абарқудратҳо ва бархе кишварҳои минтақа қарор дорад, аз пайомадҳои ҷанг бо муқовимати Лубнон ва таъсири он бар ҷабҳаи дохилии худ ҳарос дорад .

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон  ба шикасти режими саҳюнистӣ дар Сурия низ ишора кард ва изҳор дошт: Саҳюнистҳо бо ҳамла ба Сурия натавонистанд ба аҳдофи худ барои ҷилавгирӣ аз афзоиши тавоноиҳои меҳвари муқовимат даст ёбанд.

342/