ABNA24 : Ба гузориши сомонаи Тоҷвек, Александр Горовой дар дидор бо сафирони Узбекистон, Украина, Тоҷикистон, Туркманистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон мавзӯи афзоиши мавридҳои низоъҳои мусаллаҳона бо мушорикати коргарони муҳоҷир ин кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
Муовини аввали вазири кишвари Русия мегӯяд, тайи ҳафтаҳои ахир даҳҳои мавриди низоъ ва даргирӣ миёни коргарони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ рух додааст, ки бо захмӣ шудани теъдоде аз ин афрод ҳамроҳ буд.
Вай таҳдид кардааст, ки афроди боздошт шуда дар ин даргириҳо аз қаламрави ин кишвар ихроҷ мешаванд ва ҳаққи вурӯди дубора ба Русияро нахоҳанд дошт.
Вай аз сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, ки барои поён додан ба даргириҳои қавмӣ ба коргарони муҳоҷири хеш кумак кунанд ва ба ин афрод муқаррароти кору иқомат дар Русияро бозгу намоянд.
342/