5 Август 2021 - 10:59
Истифодаи марзбонони тоҷик аз асб барои бозрасии бахше аз навоҳии марзӣ бо Афғонистон

Марзбонони тоҷик барои бозрасии бахше аз навоҳии марзӣ бо Афғонистон аз асб истифода мекунанд.

ABNA24 : Ба нақл аз Toptj, мақомоти Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон эълом карданд, 18 раъс асб ба марзбонони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таҳвил шуд.

Гуфта мешавад, ки ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба далели шароити ҷуғрофиёии кӯҳистонӣ яке аз масирҳои аслии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон аст.

Дар даврони Шӯравии собиқ низ марзбонон барои бозрасӣ аз навоҳӣ ва гузаргоҳҳои марзӣ аз асб истифода мекарданд.

Зафар Гулзода, раиси ин ноҳия гуфт: Бо ҳадафи тақвияти хифозат аз гузаргоҳҳои марзӣ бо Афғонистон як маҳалли ист ва бозрасӣ низ сохта хоҳад шуд.

342/