ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ бар асоси ин мусавваба ҳазинаҳои баргузории маросимҳои фарҳангӣ барои муқобила бо бемории корона ҳазина хоҳад шуд.
Ин матлабро Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон дар ҷаласаи муқобила бо корона эълом кард.
Ёдгор Файзов ҳамчунин аз риоят накардани шеваномаҳои беҳдоштӣ ибрози нигаронӣ кард ва ба масъулон таъкид кард, ки назорати бештаре барои иҷрои ин муҳим дошта бошанд.
Файзов ваксинакунониро ҳам яке аз муҳимтарин роҳҳои пешгирӣ аз ибтило ва қатъи занҷираи корона донист.
Фарид Музаффаров, раиси идораи беҳдошти вилояти Бадахшон ҳам дар ин ҷаласа гуфт: 50 ҳазор дозаи ваксинаи Модерно ба Бадахшон таҳвил дода шуд.
Ӯ афзуд, пеш аз ин низ дар моҳи июн 5850 дозаи ваксинаи Астразенка ба вилояти Бадахшон ирсол шуда буд.
Ӯ изҳор кард, ки дар сурати шуюъ ва афзоиши теъдоди беморони коронаӣ, бемористони 200 катии ноҳияи Раштқалъа низ барои бистарӣ ва дармони беморон таҷҳиз шудааст.
342/