ABNA24 : Ба гузориши сомонаи «Спутник», ин манобеи молӣ аз ҳисоби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ ҷазб мешавад ва бо баҳрагирӣ аз он воҳидҳои ҷадиди тавлиди масолеҳи сохтмонӣ, фароварии маҳсулоти кишоварзӣ ва маъдану филизот роҳандозӣ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар ин кишвар 70 тарҳ дар заминаҳои ҳамлу нақл, энержӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва омӯзишӣ бо харҷи 3,5 миллиард доллар дар ҳоли иҷро аст.
Вазорати молияи Тоҷикистон низ эълом кардааст, ки қасд дорад дар се соли оянда барои рушди иқтисоди ин кишвар як миллиарду 100 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷазб кунад.
342/