6 Декабр 2020 - 16:09
Баррасии бозгардонидани шаҳрвандони тоҷик аз Сурия дар дидори Зубайдзода ва Файсал Миқдод

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ дар сафар ба Димишқ бо вазири умури хориҷаи Сурия мавзӯи бозгардондани шаҳрвандони тоҷикистониро мавриди баррасӣ қарор дод.

ABNA24: Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Зубайдуллоҳ Зубайдзода дар ин дидор номаи расмии Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистонро ба Файсал Миқдод ба муносибати таъйини вай дар симати вазири хориҷаи Сурия тақдим кард.

  • Вазири умури хориҷаи Сурия даргузашт

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ дар ин нома бо табрики мансуб шудани Миқдод дар симати вазири хориҷаи Сурия ва орзӯи муваффақият барои вай дар ин мақом, бар зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Сурия ва мусоидати давлати Димишқ ба бозгардонидани шаҳрвандони тоҷикистонӣ ва аъзои хонаводаҳои онон таъкид кардааст.

  • Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълом карда буданд, ки дар ду соли ахир 300 табааи фиребхӯрдаи тоҷик аз манотиқи даргирӣ дар Сурияву Ироқ ба кишварашон бозгардонда шудаанд.

Ин афрод аъзои хонаводаҳое ҳастанд, ки мардони он пас аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ дар даргириҳои Сурияву Ироқ кушта шудаву занону фарзандони онон дар урдӯгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳазору 900 табааи ин кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ, азҷумла ДИИШ пайваставу ба Сурияву Ироқ рафтаанд, ки ҳудуди 470 нафар аз онон дар даргирӣ бо артишҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.

342/