15 Октябр 2020 - 14:07
Шиносоии беш аз чаҳор ҳазор бемори мубтало ба корона дар Эрон; фавти 256 нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз чаҳор ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 256 нафар дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.

ABNA24 : Симо Содот Лорӣ"  сухангӯи  Вазорати беҳдошти Эрон  панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт : бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, чаҳор ҳазору 616 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 31 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот  ироа шуд .

Лорӣ бо баёни  ин ки маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 517 ҳазору 835 нафар расидааст, афзуд : Муттаассифона дар 24 соати гузашта , 256 нафар аз беморони Ковид -  19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 29 ҳазору 605 нафар расидааст .
Ба гуфтаи сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон, токунун 418 ҳазору 54 нафар аз беморон беҳбуд  ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 38 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз як миллион нафар ҷони худро аз даст доданду ҳудуди 29 миллион нафари ҳам беҳбуд ёфтаанд .

342/