12 Октябр 2020 - 18:26
Маҳдудиятҳои таслиҳотии Эрон 18 октябр поён меёбад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз поёни низоми муҷаввизхоҳии содирот ва воридоти ақломи таслиҳотии Эрон дар бомдоди 18 октябр хабар дод.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон; сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон « Саид Хатибзода»   рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ 18 октябрро рӯзи шикасти Амрико донисту гуфт : дар 18 октябр, ҳам муҷаввизхоҳии содирот ва воридоти аслаҳа  лағв ва ҳам маҳдудияти сафари 23 шахсияти ҳуқуқии Эрон бартараф мешавад .

Хатибзода афзуд : Амрико бо вуҷуди тамоми гарданкашиҳо, ҳилагариҳо ва иқдомоти фароқонунӣ натавонист коре аз пеш  бибарад ва Эрон  бори дигар нишон дод, ки Амрико он қадарҳо ҳам, ки эълом мекунад қудратманд нест .
Сухангуи  Вазорати  умури хориҷаи Эрон таъкид кард : Эрон дар чорчӯби давлатӣ масъулиятпазир, сулҳу амнияти ҷаҳониро тазмин мекунаду он чӣ дар ҳафтаи баъд бо поёни таҳрими таслеҳотии Эрон иттифоқ меафтад, хориҷ аз ин асл нест .

342/