ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдош , дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар 24 соати гузашта, чаҳор ҳазору 19 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ҳазору 820 нафар бистарӣ шуданд .
Бар ин асос маҷмӯи беморониКовид -19 дар Эрон ба 483 ҳазору 844 нафар расидааст .
Дар шабонарӯзи гузашта ҳамчунин 239 нафар аз беморони Ковид -19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 27 ҳазору 658 нафар афзоиш ёфт .
Ба гуфтаи сухангӯии вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 397 ҳазору 109 нафар аз беморон беҳбӯуд ёфтау аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
342/