ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия Плюс , дар ин феҳрист номи сарҳанг Хазалбек Атобеков-мутаваллиди Тоҷикистон ва муовини фармондеҳи нерӯи интизомии Беларус низ мушоҳида мешавад .
Вай ки тоҷик аст, пас аз поёни давраи донишҷуӣ дар Донишгоҳи олии низомии Беларус дар соли 1990 дар мақомҳои мухталифе дар неруи интизомии ин кишвар фаъолият карда аст. Ӯ дар соли 2018 ба мақоми муовини фармондеҳи нерӯи интизомии Беларус мансуб шуда аст .
Акнун ки Иттиҳодияи Аврупо ба баҳонаи поймолсозии ҳуқуқу озодиҳои мухолифони давлати Беларус номи 12 мақоми ин кишвар аз ҷумла Александр Лукашенко-раиси ҷумҳуриро дар феҳристи таҳримҳои хеш қарор дода , сарҳанги тоҷик низ шомили ин руйхат шуда аст.
Комиссиюни марказии интихоботи Беларус эълом кард, ки бар асоси шумориши овозҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар рӯзи 9 августи соли ҷорӣ Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии феълӣ бо касби 79 дарсади оро пирӯз шуда, ки бо эътирозоти мухолифон ру ба ру гардид.
342/