ABNA24 : Ба гузориши торномаи шабакаи хабарии Ал Олам, Брайан Мерфи, раиси пешини воҳиди иттилооти Вазорати амнияти дохилии Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар шикояте, ки дар бахши ифшогарӣ алайҳи мақомҳо сабт карда навиштааст, ки Chad f Wolf, сарпарасти муваққати Вазорати амнияти дохилии Амрико дар моҳи майии гузашта ба вай дастур дода буд, дар бораи фаъолиятҳои мудохилаҷӯёнаи Эрон ва Чин дар Амрико гузориш таҳия кунад.
Мерфи дар шикояти худ тасреҳ кард, ки Роберт О'Брайен, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед мустақиман ин дастурро содир карда буд.
Тибқи ин гузориш, Мерфи аз иҷрои ин дастурот худдорӣ варзида ва таъкид карда, ки амал ба ин дастур, Иёлати Муттаҳидаро дар маърази хатари қобили таваҷҷуҳ қарор медиҳад.
Дар шикояти Мерфи омадааст, ки мақомҳои аршади Вазорати амнияти дохилии Амрико муддате баъд аз худдории вай, рутбаи ӯро таназзул доданд ва худ гузорише мунташир карданд, ки дар он Чин ва Эрон ба талош барои мудохила дар интихоботи 3 ноябри раёсатҷмҳурии Амрико муттаҳам шуданд.
Демократҳои Кумитаи иттилооти Маҷлиси намояндагони Амрико аз Мерфи хостаанд то 21 сентябр дар бораи ин мавзӯъ дар кумита шаҳодат диҳад.
Мерфи дар шикояти худ, дастуроти мудирони Вазорати амнияти дохилии Амрикоро сӯиистифода аз қудрат ва ғайриқонуни эълом карда, аммо Сара Мэтюз, яке аз сухангӯёни Кохи Сафед тамомии иттиҳомотро рад кардааст.
342/