3 Сентябр 2020 - 15:55
Эътирофи мақоми амрикоӣ ба эъмоли фишор бар Олмон барои террористӣ хондани Ҳизбуллоҳ

Сафири пешини Амрико дар Олмон бо изъон ба фишори Вашингтон бар Берлин барои террористӣ хондани Ҳизбуллоҳи Лубнон, эълом кард, Фаронса ва Иттиҳоди Аврупо низ бояд ҳамин корро анҷом диҳанд.

Agence de Nouvelles d'Ahlul Bait (ABNA): Ба гузориши хабаргузории Форс, Марваҳ Усмон, хабарнигори лубнонӣ рӯзи чаҳоршанбе видеоеро бознашр кард, ки дар он Ричард Гренл, сафири пешини Амрико дар Олмон эълом мекунад, давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико фишорҳои зиёдеро бар Берлин барои террористӣ хондани Ҳизбуллоҳ ворид кардааст.

Гренл дар ин видео ҳамчунин эълом кард, ба назари Амрико, фаронсавиҳо ва Иттиҳоди Аврупо низ бояд ҳамин корро анҷом диҳанд.

Ин мақоми пешини Амрико изъон дошт, ки чандин бор барои эъмоли фишор дар ҳамин замина ба Брюссел рафтааст ва тиме барои ҷамъоварии иттилоот ва кашондани аврупоиҳо ба самти ин иқдом ташкил додааст.

Вазорати кишвари Олмон панҷшанбе 30 апрел, зимни «террористӣ» хондани Ҳизбуллоҳи Лубнон, фаъолиятҳои ин гурӯҳро дар хоки Олмон мамнуъ эълом кард.

Амрико ва режими саҳюнистӣ, дар моҳҳои ахир дар талош барои маҳдуд кардани фаъолиятҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон, кишварҳои аврупоиро барои террористӣ эълом кардани ин гурӯҳ таҳти фишори шадид қарор додаанд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон ба унвони яке аз аъзои аслии ҷабҳаи муқовимат, нақши асосӣ дар муқобила бо тавтеаҳо ва иқдомоти меҳвари амрикоӣ- саҳюнистӣ дар минтақа дорад.

342/