3 Август 2020 - 13:33
Истифода аз энержиҳои нав; танҳо роҳи ҳалли мушкили камбуди барқ дар Осиёи Марказӣ

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст сохти неругоҳи ҳастаӣ ва истифода аз неруи хуршеду бод танҳо роҳи ҳалли мушкили камбуди барқ дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон аст.

ABNA24: Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи РИАНовостӣ, Сергей Вирхотуров бо ишора ба буҳрони камбуди барқ дар Тоҷикистон ва қатъи содироти барқи ин кишвар ба Узбакистон ва Афғонистон гуфт: Барои ҳалли ин мушкил бояд кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳамкории Русия мавзуъи сохти неругоҳҳои ҳастаӣ ва истифода аз неруи хуршеду бодро ҷиддӣ бигиранд.

Ба гуфтаи вай акнун об шудани яхчолҳои табиӣ дар кӯҳистони Бадахшон, ки сарчашмаи таъмини оби ду рӯдхонаи бузурги Панҷ ва Вахш аст муҷиби коҳиши 50 дарсадии сатҳи оби ин ду рӯдхона шуда ва мақомоти ширкати Барқи Тоҷикро маҷбур карда содироти барқ ба Узбакистон ва Афғонистонро ба рағми тааҳҳудоти қаблии хеш қатъ кунанд.

Ин коршиноси рус таъкид кардааст ба далели вобастагии шадиди иқтисоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба барқ бояд мавзуъи ҷазби манобеи молии калон барои сохти неругоҳҳои барқи обӣ, ҳастаӣ, хуршедӣ ва бодӣ дар дастури кори давлатҳо қарор гирад.

Вирхотуров роҳандозии дубораи шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ низ амри муҳиме медонад, ки сабаб мешавад кишварҳои минтақа битавонанд дар фаслҳои мухталифи сол камбуди барқро аз ҳисоби якдигар ҷуброн кунанд.

342/