ABNA24: Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 10 субҳи рӯзи душанбе бистуми июли 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории КОВИД-19 дар ин кишвар бидуни афзоиш 57 нафар боқӣ мемонад.
Ҳамчунин аз 30 апрел то рӯзи ҳаҷдаҳуми июли 2020 теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 6 ҳазору 878 нафар расида буд, ки то кунун 5 ҳазору 578 нафар аз ин беморӣ дармон шудаанд.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар шабонарӯзи ахир 168 нафар ҳам ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 дар бемористонҳои Тоҷикистон таҳти дармон қарор дошта ва 49 тан пас аз беҳбуд ёфтан мураххас шудаанд.
Бо ин ҳол ҳазор нафар низ, ки ба шакли сабуки бемории КОВИД-19 мубтало шудаанд, дар хонаҳои хеш таҳти назорати пизишкон дармон мешаванд.
342/