ABNA24: Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар маросими оини баҳрабардорӣ аз 18 тарҳ ва лоиҳаи миллӣ дар ҳавзаи об ва барқ дар устони Ҳурмузгон, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, афзуд, ки бандари Ҷосак базудӣ табдил ба бандари тиҷории муҳими содироти нафти Эрон хоҳад шуд.
Раисҷумҳури Эрон гуфт: Дар ибтидои инқилоб 74 дарсади мардуми мо дар шаҳрҳо ба оби ошомидании беҳдоштӣ дастрасӣ доштанд ва алъон низ ба 99,9 дарсад расидааст.
Рӯҳонӣ таъкид кард: Ба онҳое, ки мегӯянд инқилоби исломӣ чӣ кардааст, бояд гуфт, дар мавриди сохти тасфияхонаи фозилоб, мо алъон 63 баробар бештар аз аввали инқилоби тасфияхона дорем.
342/