(ABNA24.com)Ба нақл аз сомонаи Тоҷикта, Фарух Неъматзода ин матлабро дар нишасти видио канфронсии интиқоли байналмилаллии коло дар шароити густариши Корона эълон кард.
Вай дар ин нишаст,ки бо талоши Бонки рушд ва бозсозии Аврупо баргузор шуд гуфт ; дар ҳоли ҳозир аз 19 гузаргоҳи марзии Тоҷикистон бо Узбакистон фақат 3 гузаргоҳ фаол аст.
Ӯ афзуд ; ҳамчунин дар марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ду гузаргоҳ ва Тоҷикистон бо Чин ва Афғонистон ҳам як гузаргоҳ боз аст.
Ин мақоми Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон таъкид кард ,ки аз тамоми ронандагони мошинҳои боркаш ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон озмоиши Корона гирифта мешавад ва дар сурати доштани алоими бемори карантина мешаванд.