13 Май 2020 - 12:53
Аёдати раиси вилояти Суғд аз як фарди маҷруҳ шуда дар даргирии марзӣ бо Қирғизистон

Раиси вилояти Суғд аз яке аз захмиёни даргирии марзӣ бо Қирғизистон аёдат кард.

(ABNA24.com)Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми аёдат аз Файзиддин Фозилов ба пизишкони бемористони марказии Исфара дастур дод, ки тамоми иқдомоти лозимро барои муолиҷа ва тавонбахшии маҷруҳони ҳодисаи тирпаронӣ дар марз бо Қириғизистонро ба кор бигиранд.

Ба гуфтаи яке аз пизишкони бемористони Исфара, вазъияти феълии Файзиддин Фозилов бо субот ва ӯ дар ҳоли беҳбуд аст. Дар даргирии марзии чанд рузи пеш байни сокинони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон 2 тоҷик бар асари тир хурдан аз шаҳрвандони қирғизистонӣ захм бардоштанд.