21 Апрел 2020 - 14:19
30 ҳамлаи ҳавоии эътилофи саудӣ ба Яман дар даҳумин рӯз аз оташбаси иддаоӣ

Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман эълом кард: Эътилофи саудӣ бо анҷоми 30 ҳамлаи ҳавоӣ ба Яман, оташбаси иддаоии худро барои даҳумин рӯзи мутаволӣ поймол кард.

(ABNA24.com) Ба гузориши хабаргузории Форс, Яҳё Сариъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман рӯзи якшанбе дар Твиттер навишт: Эътилофи саудӣ ба рағми иддаоии оташбаси яктарафа, тайи 24 соати гузашта, 30 ҳамлаи ҳавоӣ дар 2 устони Маъраб ва Алҷавф, ки ахиран артиши Яман манотиқи васие аз онҳоро озод карда, анҷом додааст.

Эътилофи саудӣ ҳамчунин рӯзи якшанбе дар идомаи ҳамалоти худ ба Яман, манзили як хонавода дар устони Таъазро бо тӯпхона ҳадаф гирифт, ки дар ин ҳамла ду зан ба ҳамроҳи як кӯдак ҷон бохтанд ва як мард низ маҷрӯҳ шуд.

Як зан низ  дар устони Таъиз бо партоби тири тактирандозони эътилофи саудӣ ҷон бохт.

Ҳамалоти эътилофи саудӣ ба Яман дар ҳолест, ки Туркӣ Ал-Молкӣ- сухангӯи ин эътилоф, 9 апрел аз эъломи тавофуқи оташбас дар Яман хабар дод ва гуфт: Ин оташбас 2 ҳафта идома хоҳад дошт ва пас аз он низ қобили тамдид аст.

Эътилофи саудӣ на танҳо дар ин муддат ба ин оташбас пойбанд набуда, балки ҳамалоти худро ба манотиқи мухталифи Яман афзоиш додааст.

342/