(ABNA24.com) Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи гузашта (сешанбе ) эълон кард, кумаки ҳазинаи кишвараш ба Созмони ҷаҳонии беҳдоштро таълиқ хоҳад кард. Сайид Аббоси Мусавӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чоршанбе, ин тасмимро гоми дигаре дар ростои тазъифи чандҷонибагароӣ ва ниҳодҳои байналмилаллӣ аз суи давлати Амрико донист ва онро маҳкум кард. Мусавӣ бо баёни ин,ки саломат, беҳдошт ва амнияти ҷонии мардуми ҷаҳон мустақиман дар асари ҳмагирии Карона ба хатар афтодааст, афзуд ; Амрико дар бадтарин замони мункин ва дар миёни ҷанги зиди як балои ҷаҳонии ногаҳон танҳо ҳамоҳангкунандаи беҳдошти ҷаҳониро муҷозот мекунад. Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо таъкид бр ин,ки ҳадафи аслии Трамп аз таълиқи будҷаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, фароафканӣ ва сарпуш ниҳодан бар нокоромадии давлати Амрико дар маҳор ва кантроли вируси Карона дар ин кишвар аст, аз ҷомиъаи ҷаҳонӣ даъват кард,барои бе асар кардани иқдомҳои якҷонибаи Амрико ва ҳифзи ҷабҳаи воҳиди ҷаҳонӣ бикушанд ва дар канори ин Созмони ҷаҳонӣ биистанд.
342/