Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ожонси телеграфи Тоҷикистон эълом кард, ин имконот барои кадри пизишкии муртабит бо бемориҳои уфунӣ дар назар гирифта шудааст.
Ин таҷҳизоти ҳифозатӣ шомили ниқоби тиббӣ, дасташ, рупуши махсус ва ҳамчунин 400 дастгоҳи танаффусӣ ва айнаки эминӣ аст.
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, Мирҳамуддин Камолзода аз давлати Иёлоти Муттаҳида ба вижа барномаи USAID, ки яке аз шарикони роҳбурдии Душанбе дар заминаи беҳдошт ва ҳимояти иҷтимоӣ аст қадрдонӣ кард.