(ABNA24.com) Ба нақл аз хабаргузории Форс, ҳайатҳои давлатии Узбакистон ва Тоҷикистон рӯзи шанбе дар чорчуби ин музокирот, масоили идории нишонагузории марзҳои муштараки ду кишварро баррасӣ карданд.
Тибқи ин гузориш тарафайн ҳамчунин дар мавриди оғози корҳои топографӣ ва нақшабардории маҳаллӣ барои ташхиси хати марзҳои Узбакистон ва Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд ва протоколеро имзо карданд.
Узбакистон ва Тоҷикистон ҳазору 333 километр марзи муштарак доранд, ки ҳазору 228 километри он марзи заминӣ ва 105 километр марзи обӣ аст.
Танҳо 60 километри марзи муштараки Узбакистон ва Тоҷикистон мавриди ихтилофи ду кишвар аст.
/129
4 Феврал 2020 - 08:21
News ID: 1007753
Музокираи ҳайатҳои давлатии Узбакистон ва Тоҷикистон дар бораи нишонагузории марзҳои ин ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.