Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён бо ишора ба вахомати авзоъи инсонӣ дар навори Ғазза дар натиҷаи ҷиноёти дадманишонаи режими саҳюнистӣ гуфт: Ин режим дар бомбаборон ва куштори дастаҷамъии мардум дар навори Ғазза ҳамаи ҳуқуқи инсонӣ ва байналмилалиро ошкоро поймол кардааст.
Амирабдуллоҳиён бар зарурати эҷоди фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манзури таваққуфи фаврии таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва оташбаси фаврӣ ва беқайду шарт ва фароҳам шудани имкони ирсоли кумакҳои инсондӯстона барои мардуми Ғазза таъкид кард.
Вай дар бахши дигаре аз ин гуфтугӯ, бо ишора ба раванди рӯ ба рушди муносибот миёни Эрон ва Венгрия гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагии баргузории комиссияи муштараки миён ду кишварро дар Теҳрон дорад.
Петер Сийярто,вазири умури хориҷаи Венгрия низ бо баёни мавозеъи кишвараш дар хусуси таҳаввулоти ҷорӣ дар Фаластин, ибрози умедворӣ кард раванди рӯ ба тавсеаи муносибот миёни ду кишвари Эрон ва Венгрия дар ҳамаи бахшҳо ҳифз ва афзоиш ёбад.