(ABNA24.com) Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба ихлос ва фидокории шаҳид Сулаймонӣ гуфтанд, ҳоҷ Қосим борҳо ва борҳо дар маърази шаҳодат қарор гирифта буд, аммо дар роҳи Худо ва анҷоми вазифа ва ҷиҳод аз ҳеҷкас ва ҳеҷчиз парво надошт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ҳузур дар манзили сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ зимни дилҷӯӣ аз хонаводаи шаҳид, шаҳодати он муҷоҳиди мухлис ва олимақомро табрик ва таслият гуфтанд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ шаҳодати сардор Сулаймонӣ ба дасти хабистарин ашхоси олам яъне амрикоиҳо ва ифтихори онҳо ба ин ҷиноятро як вижагии мумтоз барои он муҷоҳиди шуҷоъ баршуморданд ва хотирнишон карданд, ҷиҳоди ӯ ҷиҳоди бузурге буд ва Худованд низ шаҳодати ӯро шаҳодати бузурге қарор дод.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ карданд, ин неъмати азим бар ҳоҷ Қосим, ки шоистаи он буд, гуворо бошад ҳоҷ Қосим бояд ҳаминтавр ба шаҳодат мерасид.
Ишон бо талаби сабру сакинаи илоҳӣ барои хонаводаи сардор шаҳид ва дилҳои ҳамаи мардуми Эрон афзуданд, дидед, ки мардум дар шаҳрҳои мухталифи кишвар бо чи ҷамъият ва иродаҳое ба хиёбонҳо омаданд, маросими ташиъро низ хоҳед дид, ин неъматҳо муқобили чашми мо аст, то арзиши шаҳодатро мутаваҷеҳ шавем.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки ҷиҳоди берунӣ муттакӣ ба ҷиҳоди акбар яъне ҷиҳоди дарунӣ аст, хатоб ба духтари шаҳид гуфтанд, ҳамаи мардум азодор ва қадрдони падари шумо ҳастанд ва ин қадрдонӣ дар асари ихлоси бузургие аст, ки дар он мард вуҷуд дошт, чаро ки дилҳо ба дасти Худост ва бидуни ихлос, дилҳои мардум ингуна мутаваҷҷеҳ намешавад.
/129