3 Январ 2020 - 11:50
Рӯҳонӣ: Шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ азми Эронро барои муқобила бо зиёдахоҳии Амрико дучандон кард

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ азми Эрон ва дигар миллатҳои озодаро барои истодагӣ ва муқобила бо зиёдахоҳиҳои Амрико ва дифоъ аз арзишҳои исломӣ дучандон кард.

(ABNA24.com) Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ азми Эрон ва дигар миллатҳои озодаро барои истодагӣ ва муқобила бо зиёдахоҳиҳои Амрико ва дифоъ аз арзишҳои исломӣ дучандон кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа бо маҳкум кардани ҷинояти Амрико дар ба шаҳодат расондани сипаҳбуд Сулаймонӣ ва теъдоде аз ҳамроҳони эшон, ба вижа муҷоҳиди бузурги Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис таъкид кард, бетардид интиқоми ин ҷинояти ҳавлнокро миллати бузург Эрон ва дигар миллатҳои озодаи минтақа аз Амрикои ҷинояткор хоҳанд гирифт.

Рӯҳонӣ афзуд, ин иқдоми хабосатбор ва буздилона, нишонаи дигаре аз сархӯрдагӣ ва аҷзу нотавонии Амрико дар минтақа ва эҳсоси нафрату инзиҷор аз сӯи миллатҳои минтақа ба ин режими мутаҷовиз аст, ки бо зери по гузоштани тамоми усул ва қавоиди инсонӣ ва ҳуқуқи байналмилал, лаккаи нанги дигареро бар сафаҳоти накбатбори ин кишвар сабт кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард, парчами иззат ва пойдории ин шаҳиди воломақом ба дасти хейли азими сарбозони Ислом барафрошта хоҳад монд ва масири пурифтихори эсор ва муқовимат бо қуввати бештар идома хоҳад ёфт.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди имрӯз (ҷумъа) дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.



/129