(ABNA24.com) Ба гузориши Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар дидори Шайх Абдуллоҳ бо Бин Носир Оли Сонӣ, нахуствазири Қатар дар ҳошияи нишасти Doha Forum, бо табрики баргузории муваффақи ин нишаст, аз дуввумин ҳузури худ дар ин нишасти байналмилалӣ ибрози хурсандӣ кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон ва нахуствазири Қатар ҳамчунин дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои мухталиф ва мавриди алоқа ва ҳамчунин мавзӯъҳои минтақа гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
Зариф пеш аз ин бо шайх Муҳаммад ибн Абдурраҳмон Оли Сонӣ, муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Қатар, дар бораи таҳаввулот ва равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои ду кишвар гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
/129
16 Декабр 2019 - 06:29
News ID: 994146
Вазири умури хориҷаи Эрон ва нахуствазир ва вазири Қатар дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили минтақавӣ дидор ва гуфтугӯ карданд.