(ABNA24.com) Вазорати иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон дар иттилоияе аз шиносоӣ ва дастгирии аносури вобаста ба шабакаи телевизионии саудии ЭронИнтернашнол ҳангоми иҷрои дастуроти ин шабака барои ташдиди иғтишошот ва оташ задани маконҳои умумӣ дар Эрон хабар дод.
Шабакаи телевизионии моҳвораии ЭронИнтернашнол, ки маркази он дар Лондон аст, аз сӯи Арабистони Саудӣ ҳимояти молӣ мешавад.
Вазорати иттилооти Эрон дар иттилоияе тасреҳ кард, шабакаи моҳвораии ЭронИнтернашнол, ки бо будҷетҳои калон тахсис ёфта аз сӯи режими саудӣ таъсис шудааст, пас аз вуқуи ҳодисаҳои рӯзҳои ахир дар Эрон ҳамонанди шабакаи ББС-и форсӣ аз ҳамон соатҳои аввалия бо фармони иғтишош ва оташ, вориди саҳна шуда ва бар таҳрики мухотабон ва бузургнамоии буҳрон дар минтақаҳои мухталифи Эрон мутамаркиз шуд.
Дар ин иттилоия омадааст, Вазорати иттилооти Эрон қотеона иқдомоти ин шабака ва коркунони онро мисдоқи ҳамкорӣ бо душманони Ҷумҳурии исломии Эрон дар иқдомоти террористӣ дониста ва бар ҳамин асос ҳар гуна муомила бо ононро мамнуъ ва тамомии амволи коркунон ва муртабитони он дар дохили Эронро тавқиф эълом мекунад ва ин ашхос мавриди таъқиби байналмиллалӣ низ қарор хоҳанд гирифт.
Иҷрои тарҳи ислоҳи нархи сӯзишворӣ дар Эрон аз 15 ноябр эътирози мусолиматомези мардумро ҳамзамон дар Теҳрон ва бархе шаҳрҳои дигари Эрон ба ҳамроҳ дошт.
Аммо бархе бо сӯистифода аз эътирозҳои мардумӣ бо ҳадафҳои шуми сиёсӣ, иқдомоти хушунатомез ва ғайриқонуниро бо осеб расондан ба ҷону моли мардуми одӣ ва нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ муртакиб шуданд ва мутолиботи ба ҳақи мардумро ба бероҳа кашонданд.
/129