10 Сентябр 2019 - 12:38
Баргузории маросими азодории сарвару солори шаҳидон дар шаби Ошӯро бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб

Маросими азодории сарвару солори шаҳидон дар шаби Ошӯрои ҳусайнӣ бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб, ҷамъе аз масъулон ва ҳазорон нафар аз мардуми дилдодаи аҳли байт (а) дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор шуд.

(ABNA24.com) Маросими азодории сарвару солори шаҳидон дар шаби Ошӯрои ҳусайнӣ бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб, ҷамъе аз масъулон ва ҳазорон нафар аз мардуми дилдодаи аҳли байт (а) дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор шуд.

Дар ин маросим ҳуҷҷатулислом валмуслимин Рафеӣ бо таҳлили ангезаҳои мухолифони ҳаракати имом Ҳусайн алайҳиссалом ва посухи имом (а) ба онҳо, гуфт, гурӯҳе аз мухолифони ҳаракати ҳазрати сайидушшуҳадо (а) муздурони ҳукумат буданд, ки бо посухи қотеъ ва шуҷоъонаи имом рӯ ба рӯ шуданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, оқои Рафеӣ гурӯҳи дигар аз мухолифони ҳаракати ҳазрати Абоабдуллоҳилҳусайн алайҳиссаломро офиятталабон хонд ва хотирнишон кард, севумин гурӯҳи мухолифони ҳаракати ҳазрати сайидушшуҳадо (а) хос буданд ва агарчӣ собиқаи ҷиҳод доштанд, аммо қудрати таҳлил надоштанд, ки имом (а) дар муқобили онҳо бо қаноат ва истидлол бархурд карданд.

Суханрони маросим бо таъкид бар лузуми таслим дар баробари имоми ҳақ ба унвони рамзи растагорӣ афзуд, қиёми ҳазрати АбоабдуллоҳилҲусайн (а) бар асоси фармони Худованд буд ва ҳама асҳобу ёрони эшон дар Карбало имомшинос ва таслими ҳақ буданд.

Дар ин маросим ҳамчунин оқоён Оташкор ва Муҳаммадризо Тоҳирӣ ба марсияхонӣ ва навҳасароӣ бар мусибати ҳазрати сайидушшуҳадо алайҳиссалом ва аҳли байти он ҳазрат пардохтанд.




/129