6 Август 2019 - 09:42
Руҳонӣ: сипоҳ ва вазири умури хориҷаи Эрон бо таҳрими Амрико дар ҷаҳон маҳбубтар шуданд

Раиси ҷумҳури Эрон таҳрими Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва вазири умури хориҷаи Эрон тавассути Амрикоро сабаби афзоиши иқтидор ва маҳбубияти онон дар минтақа ва ҷаҳон донист.

(ABNA24.com) Раиси ҷумҳури Эрон таҳрими Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва вазири умури хориҷаи Эрон тавассути Амрикоро сабаби афзоиши иқтидор ва маҳбубияти онон дар минтақа ва ҷаҳон донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ рӯзи сешанбе дар дидор бо вазир, муовинон ва мудирони аршади Вазорати умури хориҷаи Эрон дар Теҳрон бо баёни ин ки тамоми таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон натиҷаи акс дорад гуфт, таҳримҳои Амрико миллати Эронро мустаҳкамтар мекунад ва мардуми кишвар бо муваффақият аз мушкилот убур хоҳанд кард.

Руҳонӣ бо баёни ин ки ҳокимоне дар Кохи Сафед сари кор омадаанд, ки назираш дар ин ҳад фазоҳат дар таърих камтар дида шудааст афзуд, Амрико на танҳо дар хуруҷ аз БарҶОМ балки  дар фишор ба Аврупо, нишасти Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид, нишасти Варшава ва масъалаи Фаластин ва Ҷавлон низ танҳо монд.

Раиси ҷумҳури Эрон ҳамчунин бо ишора ба коҳиши тааҳудоти Эрон дар БарҶОМ изҳор кард, ҳеҷкас наметавонад аз коҳиши тааҳудоти барҷомии Эрон эроди ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бигирад.

Руҳонӣ ба тавқифи нафткаши англисӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз низ ишора кард ва гуфт, киштиҳои Англия дар халиҷи Форс,қавонин ва ихторҳои Эронро риоят намекарданд ва Эрон ҳам дар иҷрои қонун бо кишваре таоруф надорад.

Раиси ҷумҳури Эрон бо баёни ин ки Теҳрон бар таомули созанда бо ҷаҳон исрор дорад хатоб ба душманони Эрон гуфт, агар душманон дар минтақа амнияти мехоҳанд набояд амнияти Эронро хадшадор кунанд, зеро гулӯгоҳ дар баробари гулӯгоҳ, сулҳ дар баробари сулҳ ва нафт дар баробари нафт аст.  




/129