17 Ноябр 2026 - 10:33
Source: ABNA
Ҳамлаи шаҳркнишинҳои исроилӣ ба сӯи фаластиниҳо дар Каронаи Ғарбӣ

Шаҳркнишинҳои исроилӣ дар навтарин ҳамлаҳои ваҳшиёнаи худ алайҳи фаластиниҳо дар Каронаи Ғарбӣ боиси шаҳодат ва захмӣ шудани 11 нафар аз онҳо шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Алҷазира, дар ҷараёни тирандозии шаҳркнишинҳои исроилӣ дар шаҳри Ариҳо воқеъ дар шарқи Каронаи Ғарбӣ дасти кам як зани фаластинӣ ба шаҳодат расид ва 10 нафари дигар захмӣ шуданд.

Бар асоси ин гузориш, шаҳркнишинҳои исроилӣ хонаҳои фаластиниҳоро дар минтақаи ад-Дуюк муҳосира карда ва ба сӯи онҳо тирандозӣ карданд.

Бегоҳи рӯзи гузашта низ дасти кам ҳашт фаластинӣ бар асари ҳамлаи як шаҳркниши исроилӣ бо худрав ба сӯи онҳо дар минтақаи Тақуъ воқеъ дар ҷанубу шарқи Байтлаҳм захмӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки бисёре аз давлатҳо аз ҷумла давлатҳои аврупоӣ ваҳшигарии шаҳркнишинҳои исроилиро алайҳи фаластиниҳои сокин дар Каронаи Ғарбӣ ба таври шадид маҳкум кардаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha