15 Ноябр 2026 - 11:21
Source: ABNA
Вакили ироқӣ: Амрико барои эҷоди ошӯб дар Ироқ нақша дорад

Вакили парлумони Ироқ нисбат ба ҳаракатҳои харобкоронаи Амрико дар ин кишвар ва минтақа ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории АБНА бо истинод ба Ал-Маълума, Фалиҳ ал-Хазъалӣ, раиси фраксияи парлумонии Мунтасирун таъкид кард, ки Амрико ба таври барномарезӣ ва ҳадафмандона барои эҷоди ошӯб ва ноустуворӣ дар Ироқ ва тамоми минтақа талош мекунад.

Ӯ афзуд, ки гурӯҳҳои дохилӣ дар Ироқ бояд мавқеи ягона алайҳи ин ҳаракатҳо иттихоз кунанд ва иттиҳодро миёни худ тақвият диҳанд.

Ал-Хазъалӣ тасреҳ кард, ки сиёсатҳои Амрико нисбат ба Ироқ ва минтақа барои ҳамагон ошкор шудааст ва дар дараҷаи аввал Вашингтон ба дунболи тӯлонӣ кардани буҳронҳо ва эҷоди ошӯб бо ҳадафи таъмини тадовуми нуфузи худ аст. Ин кишвар бо истифода аз бозуҳои худ ва фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ талош дорад саҳнаро барҳам занад ва устувории кишварҳои минтақаро заиф созад; кишварҳое, ки бо диктатҳои хориҷӣ мухолифат кардаанд.

Ӯ гуфт: Хунсо кардани ин ҳаракатҳои харобкорона ниёз ба ҳушёрии миллӣ ва иттиҳоди дохилӣ миёни мардум ва гурӯҳҳои сиёсӣ дорад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha